04:54 16 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.80
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
533 0 0

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи "РВ" - 01 хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии Вазорати умури дохилаи ҶТ, музояда рӯзи  25 май дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

"Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 25 майи соли 2019 аломати сабти давлатии силсилаи "РВ"-01 ба таври музояда фурӯхта мешаванд", — омадааст дар эълом.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоия.

БДА қонуншикании ҶДММ Шоҳроҳи Бадахшон ва Талко Персияро ошкор кард: рӯйхати ВУД

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи Вазорати умури дохила нашр шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ