06:50 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мошинҳои боркаш, акс аз бойгонӣ

Боркашонӣ дар Тоҷикистон 3,5 дарсад афзоиш ёфт

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Дар 4 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон таробарии колоҳо 3,5 дарсад рушд кард

ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, дар ин муддат аз тариқи роҳи оҳан беш аз 1,6 миллион тонна коло таробарӣ шуд, навиштааст ТоҷикТА.

Манбаъ афзуд, ки ин ҳаҷм дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 0,1 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ожонси омор иттилоъ додааст, ки аз тариқи худравҳо беш аз 23,1 миллион тонна коло ҳамлу нақл шуд.

“Ҳаҷми ҳамлу нақл аз тариқи худравҳо дар муқойиса бо чаҳор моҳи аввали соли гузашта 3,8 дарсад афзоиш ёфт”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзудааст, ки ҳудуди 93,4 дарсади кулли колоҳои таробаришуда саҳми худравҳо мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ