09:21 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Генерал Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон (дар мобайн)

Кӣ чанд мегирад? суолу ҷавоби вакил бо генерал аз порахӯрии милисаҳо дар роҳ

сомонаи ВКД
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
2916 0 0

Акрамшо Фелалиев, вакил аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон дар ҷаласаи парлумон порахӯрии бархе аз милисаҳоро дар роҳ ба ВМКБ ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Фелалиев гуфт, дар роҳ ба самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шаҳри Душанбе то ноҳияи Дарвоз 10 – 15 дидбонгоҳ мушоҳида мешаванд ва ронандагони мошинҳои мусофирбар медонанд, ки дар кадом дидбонгоҳ ба кормандони милитсия  чӣ қадар маблағ додан лозим аст.

“Ягон ҳолате ҷой надорад, ки корманди милитсия боре ба назди мошин омада, дохили онро мушоҳида карда бошад, ки дар дохилаш чӣ қадар одам ҳаст ва ба куҷо сафар доранд. Ба ҳолати техникии мошинҳо низ эътиборе намедиҳанд”, -  навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Фелалиев.

Ба иттилои манбаъ, генерал Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар посух изҳор дошт, ки роҳбарияти вазорат ба мубориза бо фасод диққати махсус медиҳад. Умарзода таъкид кард, ки назди дидбонгоҳҳо вазифаи ҷамъоварии маблағ гузошта нашудааст ва ин сӯиистифодаи бархе аз кормандон аз вазифаи хизматӣ мебошад.

Парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

“Чанде пеш яке аз чунин дидбонгоҳҳо, воқеъ дар мавзеи Олимтой, барҳам дода шуд. Дидбонгоҳҳо вобаста ба вазъи дохилӣ, сарҳадӣ дар роҳҳои дохили кишвар, аз ҷумла роҳи Душанбе -Хоруғ гузошта мешаванд. Тибқи ҳеҷ кадом санад дар бобати ҷамъ овардани маблағ аз ҷониби дидбонгоҳҳо вазифа гузошта нашудааст. Албатта, дар миёни ҳайати шахсӣ ҳастанд онҳое, ки аз вазифаи хизматӣ суиистифода менамоянд”, - изҳор дошт муовини вазири умури дохилӣ.

Ӯ таъкид намуд, ки дастандаркорони чунин амалҳои ғайриқонунӣ дар сурати собит шудани гуноҳашон ҷазои сазовор мегиранд ва аз сафҳои милитсия хориҷ карда мешаванд. Умарзода афзуд, тағйироте, ки ба қонун дар бораи милитсия ворид гардиданд, ба коҳиши фасод дар ин бахш мусоидат хоҳанд кард.

Мавзӯъҳои асосӣ