00:51 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Самолет авиакомпании Somon air. архивное фото

Муҳоҷир бисёр: ду хатсайри нави "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Русия

© Пресс-служба президента Узбекистана
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
573 0 0

Ширкати "Сомон Эйр", ки аз моҳи май хатсайрҳо ба Сургутро оғоз кард, аз моҳи июн ба Нижневартовск парвоз хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ширкати "Сомон Эйр" хатсайрҳои нав боз кард: Хуҷанд – Нижневартовск ва Хуҷанд – Сургут,-хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ширкат.

Ҳамин тавр оғоз аз 8 майи соли равон ширкати "Сомон Эйр" тариқи хатсайри "Хуҷанд-Сургут-Хуҷанд", парвозҳоро боз кард.

"Дар ин хатсайр, ҳар рӯзи чошанбеи ҳафта тариқи ҳавопаймои Boeing-737, парвоз анҷом дода мешавад",-қайд кардааст манбаъ.

Киштии ҳавоӣ аз шаҳри Хуҷанд соати 08:00 ва аз Сургут соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз мекунад.

"Сомон эйр" аз ширкати кореягӣ таҷҳизоти нав хоҳад харид

Дар баробари ин ширкат, оғоз аз 3 июн ширкати "Сомон Эйр" тариқи хатсайри "Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд", парвозҳоро оғоз хоҳад кард.

Дар ин хатсайри ҷадид парвозҳо дар ду ҳафта маротибае рӯзи душанбе анҷом дода хоҳад шуд.

"Замони парвоз аз шаҳри Хуҷанд– 09:20, аз Нижневартовск бошад – 15:20 бо вақти маҳаллӣ", - афзудааст манбаъ.

Аз Душанбе бо ҳавопаймоҳои UzAirways метавон ба Истанбул, Сочиву Ню-Йорк парвоз кард

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Узбакистон бо муваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ