16:45 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Рустам Эмомали на открытии новой автобусной остановки, архивное фото

Аз нақд то нарх: эълони шаҳрдорӣ дар бораи кори нақлиёти Душанбе аз ҳафтаи оянда

© Фото: Сайт города Душанбе
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
2872 0 0

Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки истифодаи пули нақд зимни истифода аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт маҳдуд шуда, ҳафтаи оянда бархе аз хатсайрҳои дигар низ пурра ба низоми пардохт тариқи корт мегузаранд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Шаҳрдорӣ бо нашри як эълон гуфт, шурӯъ аз 24-уми июни соли 2019 дар хатсайрҳои автобусии рақами 4, 13, 19, 28, 29 ва 37 пардохти роҳкиро пурра тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Манбаъ хотиррасон кардааст, автобусҳои рақами 4 дар масири Терминали мусофирбарии “Шарқ-Транс” –ҶДММ “Маром”, автобуси №13 дар масири маҳаллаи Бунёдкорон-кӯчаи Гагарин, №28 маҳаллаи Зарафшон-Маркази ташхиси техникӣ, №29 аз Беморхонаи Қарияи боло то маҳаллаи Пахтакор, №37 дар маҳаллаи Бунёдкорон-маҳаллаи Қарогегин ҳаракат мекунанд.

“Шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо дастрас намоянд”, - изҳор доштааст шаҳрдорӣ.

Дар мавриди овозаҳо дар бораи болоравии нарх, ки паҳн гардида буданд, шаҳрдорӣ қаблан эълон намуда буд, ки онҳо асос надоранд. Ҳукумати Душанбе таъкид кард, ки иддаои боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии  пойтахт ягон асос надошта, ояндаи наздик низ гароншавии он, на дар автобусу троллейбусҳо ва на микроавтобусҳо  пешбинӣ нашудааст.

Феълан роҳкиро дар пойтахт бар асоси қарори раиси Душанбе  дар автобус 1 сомониву 20 дирам, троллейбус 1 сомонӣ ва микроавтобусҳо 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ