13:13 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Вуруди 28 адад техникаи роҳсозӣ ба ВМКБ

Бонки аврупоӣ ба ВМКБ 28 адад техникаи роҳсозӣ дод

акс аз саҳифаи МИМҲД Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
736 0 0

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – БАТР, барои нигоҳдории роҳҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 28 адад техникаи роҳсозӣ додааст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти ВМКБ, техникаи мазкур дар асоси Созишномаи грантӣ ва қарзӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вориди вилоят гардид.

“Дар чорабинӣ мазкур муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар Иматшо иштирок намуда сокинони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро бо ин рӯзи таърихӣ муборакбод намуд”, - омадааст дар иттилоия.

Қаблан Ҳукумати ВМКБ гузориш дода буд, ки 6 боркунаки фронталии арзиши ҳар кадомашон 60 ҳазор доллар вориди шаҳри Хоруғ карда шуданд. Манбаъ таъкид карда буд, ки техникаи мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ворид шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ қабул гардиданд.

Пештар Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар пайи тармафароиҳо ва роҳбандиҳо дар вилоят зимни як  ҷаласаи фаврии ситоди сохторҳои вилоятӣ аз камчинии техникаи роҳсозӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ