20:27 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Международный аэропорт Куляб

Комилзода аз фоидаи фурудгоҳи Кӯлоб ба буҷаи Тоҷикистон гуфт

CC BY-SA 3.0 / Gleb Osokin
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Дар шаш моҳи аввали соли равон, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба 50 ҳазору 663 нафар мусофирон хизмат расонидааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 8 миллион сомонӣ маблағ ворид намудаст.

Дар ин бора мудири фурӯдгоҳи байналмиллалии Кӯлоб Алӣ Комилзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода,афзуд, ки ин маблағ танҳо дар шаш моҳи соли равон ба буҷа ворид шудааст.

Ба гуфтаи Комилзода ин рақам дар муқоиса нисбат ба як соли қаблӣ, беш аз  4 миллион сомонӣ ва ё  21.6 дарсар зиёдтар мебошад.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки фурудгоҳи Кӯлоб дар ин давра ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ фоида ба даст овардааст. Феълан дар фурудгоҳ 223 нафар корманд фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 39 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дастгоҳҳои аврупоӣ барои назорати парвозу нишасти ҳавопаймоҳо дар Душанбе

Бояд ёдовар шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2019  Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба 50 ҳазору 663 нафар мусофирон хизмат расонидааст.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, буҷа, фоиданок, фурудгоҳ, Кӯлоб

Мавзӯъҳои асосӣ