“Рейд”: шишаҳои сиёҳи ғайриқонунии “Ренҷ Ровер”-и Нигина ва “Тойота”-и Гулсара-навор

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи як санҷиш дар роҳҳои Душанбе ошкор кардаст, ки ҳанӯз ҳам бархе аз ронандаҳо ғайриқонунӣ шишаҳои мошинҳояшонро сиёҳ мекунанд

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. ВУД аз натиҷаи санҷиш, ба истиллоҳ рейд дар роҳҳои пойтахт гузориш дод, ки бар асоси он 10 ҳолати ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳо ошкор шуд.

Манбаъ афзуд,  ҳар ронандаи қонуншикан ба андозаи 6 ҳазору 875 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримабандӣ шуд.

 Дар феҳрасти ронандаҳое, ки бо нақзи қонун шишаҳои мошинашонро сиёҳ кардаанд, ВУД ронандаи “Ренҷ Ровер” - Нигина Файзуллоева, ронандаи “Тойота Кемрӣ” - Толибова Гулсара, ронандаи “Лексус” – Амина Юсупова, ронандаи “Хундай” Зоҳидҷон Асадовро ном бурдааст.

ВУД илова намуд, ки то ислоҳи камбудӣ мошинҳо ба ҷаримагоҳ интиқол дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0