23:21 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Автобусҳои АКИА, акс аз бойгонӣ

Нахустин 10 автобуси истеҳсоли Тоҷикистон дар хидмати мусофирон гузошта шуд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
20610

Ширкати “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон 10 автобуси тамғаи “AKIA”-и истеҳсоли ватаниро ба корхонаҳои “Автобус-2” ва “Автобус-3”-и пойтахт супурд, то ба мусофирон хидмат расонанд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Корхонаи мазкур  тибқи фармоиши Ҳукумати Душанбе  то охири  соли равон боз 90 автобуси дигарро  истеҳсол намуда, ба корхонаҳои мусофирбарии пойтахт интиқол медиҳад, навиштааст хабаргузории “Ховар”.

Ҷамъияти муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз ҷониби ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ» ва ширкати тиҷорати туркии “Улишем” таъсис дода шудааст.

Дар ҳолати пурра ба фаъолият оғоз намудани  корхонаи муштарак тавоноии он дар як сол то ба 300 адад автобус баробар хоҳад шуд ва шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафарро ташкил хоҳад дод.

Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хатти истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 100 миллион сомониро дар бар мегирад.

Дар корхонаи мазкур 6 хатти истеҳсолӣ - хатти кафшергарӣ, таҳрангмолӣ ва рӯпӯшкунӣ, рангуборкунӣ, басту банди механикию электрикӣ ва назорати ниҳоии сифат мавҷуд буда, ҳар як хатти истеҳсолӣ бо технологияҳои пешрафта ва муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, гузориш додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, тибқи нақша, дар назар дошта шудааст, ки дар корхона марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва бо ғунҷоиши 98 ҷой- 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ