10:48 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Таъмири роҳ, акс аз бойгонӣ

Таъмири роҳ аз ҳисоби соҳибкорон, пули ҳаҷ ва давлат дар Конибодом

© Sputnik / Алексей Мальгавко
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
13310

Мақомоти шаҳри Конибодом мегӯянд, то имрӯз аз нақша зиёд, яъне 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва беш аз 6,2 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд

ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Ҳукумати вилояти Суғд, дар мувозинаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 56,8 километр роҳи аҳамияти байналмилалидошта, 29,9 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 202,9 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуд буда, бояд мувофиқи нақша 104 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда мешуд.

“Ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯз таъмири пурраи роҳи Конибодом - Патар аз ҷониби Бонки Рушди Осиё ба маблағи 48 миллион сомонӣ идома дорад. Роҳи мазкур, ки дарозиаш 6,7 километр ва паҳноияш 14 метр аст, то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмир карда мешавад”, - иброз дошт Музаффар Тоҳиров, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр.

Манбаъ афзуд, ки бо иқдоми соҳибкори саховатманд Раҳматҷон Тошматов, ки дар Федератсияи Русия фаъолият дорад, 750 метр роҳ мумфарш гардид.

“Инчунин соҳибкори дигар Фаррух Нӯъмонов таъмири пурраи кӯча ва Искандарако ҳамроҳи фарзандони хеш маблағи ба сафари ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои мумфаршкунии роҳ, ки дарозиаш беш аз 150 метр ва паҳноиаш 6 метрро дарбар мегирад, сарф намуданд ва алҳол мумфаршкунӣ идома дорад”, - изҳор доштааст Маҳмуд Бобокалонзода, раиси Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ.

Бобокалонзода афзуд, ки сокини кӯчаи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Ҳасанбой Ғаниев иқдоми соҳибкоронро дастгирӣ намуда, маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои мумфарш намудани роҳ сарф намуд.

Манбаъ илова намуд, ки рӯзҳои наздик боз дигар соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки бо таъмири роҳ ва бунёди иншооти хизматрасонии маишӣ саҳми худро дар ободонии Ҷамоат гузоранд.

Мавзӯъҳои асосӣ