Тоҷикистон ба чанд кишвари дигар роҳи ҳавоӣ мекушояд

© AP / Charlie RiedelСамолет на фоне луны
Самолет на фоне луны - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад дар ояндаи наздик парвозҳо аз Тоҷикистон самти давлатҳои Фаронса, Қатар, Озарбойҷон ва Гурҷистон кушода шавад

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмим гирифтаст парвози мустақими ҳавоиро байни Тоҷикистону Гурҷистон фаъол намояд, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Телетрап, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хатсайри нав: роҳандозии парвози Машҳад-Теҳрон-Душанбе

Бар хабари манбаъ, Тоҷикистон ҳамзамон дар садади кушодани роҳи ҳаво бо кишварҳое ба мисли Фаронса, Қатар ва Озарбойҷон аст.

Ширкати “Тоҷик эйр” парвозҳояшро ба Эрон барқарор кард

Манбаъ меафзояд, ки феълан лоиҳаи созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ бо мақомоти авиатсионии Франсия, Қатар, Гурҷистон ва Озарбойҷон мувофиқа гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар сохтори интиқоли байналмилалии мусофирон саҳми авиатсияи граждании мамлакат 85 фоизро ташкил медиҳад.

Созиши Душанбе ва Тбилисӣ барои парвозҳои мустақим - акс

Зимнан бояд  зикр намуд, ки Тоҷикистон бо 20 кишвари ҷаҳон робитаи ҳавоӣ дошта, дар бозори авиатсионии  мамлакат ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ — "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0