Қарорҳои Ҳукумат барои додани замин ба “Фароз” дар Панҷакент, Исфара ва Мастчоҳ

© Пресс-служба Президента РТРасширенное заседания правительства РТ
Расширенное заседания правительства РТ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фароз” барои бунёди терминалҳои байналмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ замин ҷудо карда шавад

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бар асоси қарорҳои Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 август имзо кардааст, аз ҷумла дар шаҳри Панҷакент барои “Фароз” аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Суярқул Нишонов 4,99 гектар замин ҷудо карда шавад. Бар иваз “Фароз” муваззаф шудааст, 884 ҳазору 140 сомониро барои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ин заминҳо ба буҷаи давлат талофӣ кунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми додани мукофот ба Шамсулло Соҳибов, соҳибкор - Sputnik Тоҷикистон
Чиро сохту ба кӣ чанд сомонӣ кумак кард? Кумита хизматҳои Шамсулло Соҳибовро гуфт

Бо қарори дигари Ҳукумат, барои “Фароз” дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии “Абумуслим” 5 гектар ҷудо гардида, бар иваз ширкати мазкур ба пардохти 848 ҳазору 924 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ вазифадор шудааст.

Дар қарори Ҳукумат таъкид шудааст, ки ширкати “Фароз” дар Мастчоҳ терминали байналмилалии наздимарзии “Фотеҳобод”-ро бунёд мекунад.

Инчунин барои “Фароз” дар шаҳри Исфара низ 4 гектар замин барои бунёди терминали байналмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ ҷудо гардид.

Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти шаҳру навоҳиро муваззаф кардааст, ба хоҷагиҳое, ки заминашон ба “Фароз” дода шуд, майдонҳои замини баробарарзиш ироа гардад.

Лентаи хабарҳо
0