Ҳамза Саидов таъмири хатарноктарин роҳ дар Ҳисорро ба уҳда гирифт

Обуна шудан
Ҳамза Саидов, сокини дурдасттарин ва баландтарин деҳаи шаҳри Ҳисор — Арҷинаки Боло тасмим гирифт, ки мувофиқи қудрату тавоноӣ роҳи мушкилгузари самти деҳаашро бо маблағи солҳои зиёд ҷамъовардааш бетонпӯш кунад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Роҳи мазкур, ки аз ҷудошавии деҳаҳои Шамалу Арҷинак оғоз меёбад, яке аз  баландтарин ва хатарноктарин роҳҳои шаҳри Ҳисор ба шумор меравад, хабар додааст нашрияи "Садои мардум".

Вуруди 28 адад техникаи роҳсозӣ ба ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки аврупоӣ ба ВМКБ 28 адад техникаи роҳсозӣ дод

Манбаъ афзуд, ки ин роҳро дар даврони шӯравӣ ба хотири ҷустуҷӯи геологӣ, омадурафт ба лагери тобистонаи "Арҷинак"  ва хоҷагии ҷангали Ҳисор тавассути булдозер тахту ҳамвор намуда буданд ва то ҳол хокию сангфарш буда, умуман мумфарш нашудааст.

Ҳамза Саидов, ки қариб 80 сол умр дорад, як умр ба ҳайси ҷангалбону асалпарвар дар ин деҳаи дурдаст зиндагӣ карда, ҳазорон бех дарахтони сояафкану мевадиҳандаро ба воя расонида, дар сарсабзии диёр саҳм гузоштааст. Ӯ чанде пеш аз ҳисоби хеш қуму шағалу семент харида, 600 метр қисмати аз ҳама мушкилгузари роҳи самти деҳаҳои Арҷинаки Поёну Арҷинаки Болоро бетонпӯш кард.

Мусофирони автобуси Хуҷанд - Маскав: 4 - 5 рӯз дар роҳ, вале арзон

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода барои ин ташаббус Ҳамза Саидовро бо сипоснома қадрдонӣ кард. Саидов тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳар сол маблағи аз фурӯши ҳосили 80 бех дарахти себ  бадастовардаашро сарфи таъмири роҳ намояд.

Нашрия таъкид кардааст, ки ин иқдоми неки Ҳамза Саидовро сокинони деҳаҳои зикршуда ва меҳмонони ин мавзеи хушобу ҳаво бо хушӣ истиқбол намуда, дар ҳаққаш дуои хайр мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0