ВУД: беҷазоии бархе ронандаҳои мағрур боиси қонуншиканӣ дар роҳҳо мешавад

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо беҷазо мондани бархе аз ронандаҳо боис шудааст, ки онҳо нақзи дағалонаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро идома диҳанд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. ВУД бо нашри як иттилоия гуфт, вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар мекунанд.

Дорожный знак - Sputnik Тоҷикистон
БДА дар роҳҳои Тоҷикистон амалиёти "Бачаҳо"- ро пиёда мекунад

Ин ниҳод далели такрори қоидвайрокуниро ба беҷазо мондани ронандаҳо рабт дода, аз амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо дар Душанбе гузориш додааст.

“Имрӯзҳо баъзе қоидавайронкуниҳое маъмуланд, ки на танҳо ба низоми нақлиётӣ таъсири манфӣ мерасонанд, балки дар бисёр ҳолатҳо сабабгори ба амал омадани таyбашавиҳо ва дигар ҳолатҳои ногувор гардида, боиси норозигӣ ва арзу шикояти шаҳрвандон мешаванду ба дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба раванди ҳаракати нақлиётҳои мусофиркашон халали ҷиддӣ мерасонанд”, - омадааст дар иттилоия.

Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД Тоҷикистон: волидайн кӯдакон ва наврасонро дар роҳ беназорат нагузоранд

ВУД дар феҳрасти қоидавайронкуниҳои маъмул дар Душанбе - истодан ва таваққуф намудан дар қаторҳои дуюму сеюм, дохили чорроҳаҳо, баромадан ба самти ҳаракати муқобил, ҳаракат ҳангоми фурӯзон будани ранги сурхи чароғакро ном бурда, таъкид кардааст, ки ин амалҳо барои иддае ронандагони мағрур ба як одати маъмулӣ табдил ёфтаанд.

Мақомоти умури дохилӣ аз ҳамаи шаҳрвандон ба хусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, бо ин амали шоистаи худ садамаҳои нохуши нақлиётиро пешгирӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0