"Сомон эйр" бренди беҳтарини сол шинохта шуд

© Пресс-служба "Сомон Эйр"Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов
Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо ҷоизаи "Бренди сол — 2019" қадрдонӣ гардида мукофоти тиллоӣ ба даст овард

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Озмуни ҷумҳуриявии "Бренди сол" зери унвони "Қуллаи шараф" аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахшҳои хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида шудааст.

Ташаббускори озмуни мазкур Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”–и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Авиакомпания “Сомон Эйр” провела сегодня в Международном аэропорту Душанбе презентацию своего вертолёта Airbus H125 - Sputnik Тоҷикистон
Парвози баланд: "Сомон Эйр" чархболи навашро дар Душанбе намоиш дод

Мақсади асосии озмун – ташвиқу тарғиби зарурати ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайдо ва пешниҳоди намунаҳои самараноки идоракунии бренд, ҳавасмандгардонии ширкатҳо доир ба истифодаи брендинг ба ҳисоб меравад.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" мукофоти аввалини "Бренди сол"–ро соли 2013 ба даст оварда буд.

Соли 2019 барои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар бозори интиқоли авиатсионии байналмилалӣ бобарор омад.

Дар соли сипаришуда ширкати ҳавопаймоӣ иштироккунандаи расмии ҳамаҷонибаи интерлайн-созишномаи MITA (Multilateral Interline Traffic Agreements) оид ба интиқоли борҳо гардид, ки таҳти ҳимояи Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) амал мекунад.

Он ҳамзамон  маркази таълимии авиатсионии (МТА) худро барои мутахассисони соҳаҳои гуногун ифтитоҳ намуд, ба Кумитаи номзадҳои ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) шомил шуд, парки худро бо чархболи Н125 ғанӣ гардонида, ҷуғрофияи парвозҳои худро бо кушодани хатсайри нави байналмилалии Душанбе – Деҳлӣ — Душанбе васеъ намуд"

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон бомуваффақият иҷро мекунад.

Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 -900 ва чархболи Airbus Н125 иборат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0