07:08 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
2158 0 0

Шаҳрдории Душанбе аз ифтитоҳи хатсайри нав дар пойтахт хабар дод, ки дар он микроавтобусҳои хурд мусофирбарӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Душанбе, микроавтобусҳои нав аз рӯзи 31 декабр ба мусофирбарӣ машғул мешаванд.

“Ба маълумоти сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона расонида мешавад, ки шурӯъ аз 31 декабри соли 2019 бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонии нақлиётӣ, дар хатсайри №16, ки нуқтаи аввал маҳаллаи Чортеппа ва охири он маҳаллаи Чаноро мебошад, микроавтобусҳои нави муосир таҳти номгузории хатсайри мардумии  “Мусича”  сафарбар карда мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки раванди пардохти ҳаққи роҳкиро дар микроавтобусҳои мазкур пурра тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.

Шаҳрдории Душанбе тавзеҳ додааст, ки ҳадафи ин навовариҳо беҳбуди хизматрасониҳои мусофирбарӣ дар пойтахт мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ