11:45 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.21
  • RUB0.13
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
3013 0 0

Ширкати роҳбони IRS субҳи имрӯз хабар додааст, ки як ҳафта боз барфрезии шадид идома дорад ва ба далоили амниятӣ аз субҳи дирӯз ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар иттилоияи ширкат таъкид шудааст, ки имрӯз низ бориши барф ва фаромадани тарма дар масири мавриди назар идома дошта, шурӯъ аз километри 31-ум ҳолати роҳ нигаронкунанда аст.

“Мушкилӣ асосан дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шурӯъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш дар фаъолияташон падидаи маъмул маҳсуб мешавад. Дар маҷмӯъ, дар аксар қитъаҳои роҳи Душанбе – Чанок баландии барф зиёд буда, дар ҳолати зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар навбати аввал ба бехатарии ронандагону мусофирон рабт дорад”, - иттилоъ додаст IRS.

Ин ширкат афзудааст, “ҳарчанд баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дораду таъмини бехатарии шаҳрвандон болотар аз ҷанбаҳои дигар аст”.

IRS аз шаҳрвандон даъват кардаст, ки муқаррароти аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, Вазорати нақлиёт, БДА ВКД ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷоришударо ба эътибор гиранд.

Котиботи ширкат таъкид кардааст, ки баробари кушода шудани роҳ иловатан маълумот пешниҳод хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
роҳбандӣ, Душанбе-Чаноқ, тарма, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ