07:39 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
93710

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки ҳафтаи оянда дар пойтахт ҳаракати мусофирбарҳо дар масири нав таҳти рақами 20 роҳандозӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Мақомоти иҷроияи Душанбе бо нашри як эълон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонон расондааст, ки шурӯъ аз 8-уми январи соли 2020 хатсайри нави автобусии №20 ба фаъолият оғоз менамояд. 

“Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои  Борбад, Шестопалов, Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, Ҷ.Икромӣ, Бухоро, М.Турсунзода, Беҳзод, Д.Халқҳо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзеҳ додааст, автобусҳо дар масири маҳаллаи Пахтакор, собиқ мағозаи Волга то маҳаллаи маъруф ба номи “ДОК”, мусофирбарӣ хоҳанд кард.

Ҳукумати Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардаст, ки хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд. 

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад, хабар додаст шаҳрдорӣ.

Барчаспҳо:
автобус, мусофирбарӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ