14:06 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
515 0 0

Рустами Эмомалӣ масъулини соҳаи нақлиётро барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти ин соҳа дар ҳудуди пойтахт муваззаф кард

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ,  Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ гуфт, бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олӣ, ҳанӯз нуқсону камбудиҳо ҷой доранд.

Ӯ таъкид намудаст, ки камбудиҳо бояд дар кутоҳтарин фурсат ислоҳ гардида, роҳи ҳалли худро пайдо намоянд.

Раиси шҳари Душанбе аз тамбашавии мошинҳо дар роҳҳои пойтахт ва ҳаракати автомобилҳои боркаш дар ҳудуди шаҳр изҳори нигаронӣ кардааст.

"Дар самти беҳбуд бахшидан ба фаъолияти соҳаи нақлиёт масъулини соҳа муваззаф гардиданд, ки сифати хизматрасонӣ ба мусофиронро баланд бардошта, ҷиҳати пешгирии вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла ҳолатҳои танбашавӣ, берун аз хатсайрҳои муайяншуда баромадани воситаҳои нақлиёт, истифодаи дурусти кортҳои пардохти электронӣ, тадбирҳои зарурӣ амалӣ кунанд". 

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ масъулини соҳаи нақтиётро барои назорати риояи қоидаҳои ҳаракати автомобилҳои боркаши сохтмонӣ дар ҳудуди шаҳр муваззаф кардааст.

Ёдрас мешавем, ки шаҳрдор ҳамчунин аз ҷой доштани камбудиҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

Барчаспҳо:
нақлиёт, супориш, Рустами Эмомалӣ

Мавзӯъҳои асосӣ