15:38 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
202 0 0

Ширкати IRS эълом кардааст, ки роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ аз барои ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт кушода шуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Пеш аз зуҳри имрӯз ширкат хабар дода буд, ки ба далели барфрезию фаромадани тарма ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири Душанбе – Чаноқ масдуд шуд. Бо пахши иттилоияи ҷадид, ширкат хабар дод, ки кормандони ширкат барфтӯдаҳоро тоза карда, роҳ кушода мебошад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки охири ҳафтаи равон ҳаво сардтар шуда, боришоти борон ва барфи тар шиддат мегирад. Кумитаи мазкур аз аҳолӣ хоҳиш кардаст, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба маҳалҳои хатарнок, роҳҳои пурхатари нақлиёт, ғунучини ҳезум ва рафтан ба кӯҳҳову доманукӯҳҳо худдорӣ намоянд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ки шояд дар ин рӯзҳо ба вуҷуд оянд, як силсила тавсияҳоро ёдрас мекунад.  

КҲФ ба сокинони деҳот, минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳушдор муроҷиат мекунад: ҳангоми гарм кардани хонаҳо, лутфан қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоед, ба хатҳои интиқоли барқ асбобҳои гармкунандаи зиёди барқиро пайваст накунед, ноқилҳо ҳар кадом тавони муайяну мушаххаси бардошт доранд. Тирезаҳо ва ҷойҳои шамолдарои хонаро пӯшед ва гармии кулбаро нигоҳ доред. Ва ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт хеле эҳтиёткор бошед, дудбарои печҳоро боз монед.

Барчаспҳо:
барфрӯбӣ, барф, роҳ, Душанбе-Чаноқ, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ