20:40 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
2124 0 0

Мақомоти умури нақлиёти Тоҷикистон аз қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хабар доданд, ки тибқи он алайҳи мусофирбарҳои ғайриқонунӣ ва бо мақсади ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт гуруҳи махсуси корӣ ташкил шудааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, мусофирбарҳои ғайриқонунӣ имрӯзҳо дар Душанбе истгоҳҳоро ба истиллоҳ ба “гараж” табдил додаанд.

Ӯ гуфт, аввал истгоҳҳоро бисёр хуб тоза карда буданд, фақат нақлиёти ҷамъиятӣ меистод, аммо оҳиста – оҳиста воситаҳои нақлиёте, ки ғайриқонунӣ мусофирбарӣ мекунанд, истгоҳҳоро пур карданд.

Худоёрзода афзуд, ин ҳолат ба ҳамлу нақл ва ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ халал расонда, муъҷиби нороҳатии мусофирон мегардад. Дар шаҳри Душанбе, бештар дар хатсайрҳои рақами 3 ва 8, сабукравҳо ғайриқонунӣ мусофирбарӣ мекунанд ва аксаран дар истгоҳҳо ғайриқонунӣ меистанду мусофиронро даъват мекунанд.

Ӯ таъкид намуд, ки ба ин масъала бояд масъулини Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт, муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва дигар ниҳодҳо машғул шаванд.

Кам ва қимат: мудири Somon Air нархи сӯзишворӣ дар Душанберо гаронтарин хонд

Мақомдорони муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар ҳузури вазир хабар доданд, ки бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, гуруҳи махсуси кории иборат аз намояндаҳои мақомоти гуногун ташкил шудааст.

Ба иттилои масъулин, бо ҷалби маъмурини воҳиди махсуси ВУД Тоҷикистон, тайи се шабонарӯзи охир санҷишҳо гузаронда истодаанд ва танҳо дар рӯзи аввал 172 адад воситаи нақлиётро, ки ғайриқонунӣ мусофирбарӣ мекарданд, ба ҷаримагоҳ бурданд.

Барчаспҳо:
мусофирбарӣ, нақлиёт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ