18:36 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
110911

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор барои ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва насби камераҳои назорати мушоҳидавӣ дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои автомобилгарди пойтахтро имзо кард

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тибқи қарори шаҳрдорӣ, ки котибот имрӯз нашр кардааст, лоиҳаи мазкур пилотӣ, ё худ санҷишӣ буда, бо мақсади пешгирии танбашавӣ ва ба низом даровардани таваққуфи воситаҳои нақлиёт амалӣ мешавад.

Илова шуд, ки Рустами Эмомалӣ ин қарорро баъди гирифтани хулосаҳои аъзои Гурӯҳи корӣ дар мавриди ин лоиҳа имзо кардааст.

“Нархнома ва реҷаи кори таваққуфгоҳҳои пулакии воситаҳои нақлиёт баъд аз мувофиқа бо сохтори ваколатдор аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” (Smart city) тасдиқ карда шавад”, - омадааст дар қарори раиси Душанбе.

Қаблан Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаи таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳаро таҳия карда буд, ки гуфта мешуд дар навбати аввал дар кӯчаю хиёбонҳои сермошини пойтахт сохта мешаванд.

Главное управление архитектуры и градостроительства города Душанбе, разработало проект современного многоярусного автопаркинга
Главное управление архитектуры и градостроительства города Душанбе, разработало проект современного многоярусного автопаркинга

Хабар дода шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта  сохтмони  намунавии чунин таваққуфгоҳҳо, ки  фаъолияти онҳо  ба таври худкор  ба роҳ монда мешавад, аллакай оғоз гардидааст.

Барчаспҳо:
таваққуфгоҳи мошин, шаҳр, раис, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ