14:06 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
32910

Кам шудани шумораи кормандонро намояндагони расмии ширкати "Тоҷик Эйр" ба синни нафақа расидани бархе аз онҳо рабт доданд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Намояндагони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки дар давоми соли охир бо қисме аз кормандонашон "хайрухуш" карданд.

Муовини аввали мудири ширкати "Тоҷик Эйр" Азизмамад Қурбонов гуфт, ки соли 2019 шумораи кормандони ширкат 525 нафарро ташкил дод.

Пресс-секретарь национальной авиакомпании Таджик Эйр, Азиз Хайруллоев
© Пресс-служба авиакомпании "Tajik Air"

Аллакай 20 январи соли равон шумораи кормандон то 279 кас кам шуд.

Ӯ рухсат шудани кормандонро ба синни нафақа расидани бархе ва кам шудани штат рабт дод.

Қурбонов қайд кард, ки ширкат то имрӯз 11,1 миллион сомонӣ маоши кормандони худро пардохт накардааст.

Дар баробари ин, раҳбарияти "Тоҷик Эйр" иттилоъ дод, ки дар ояндаи наздик парвозҳоро бештар хоҳанд кард. 

Парвозҳо тариқи ҳавопаймои дуюми ширкат Boeing 767-300, ки феълан дар Тошканд барои таъмир қарор дорад, анҷом дода мешавад. 

Айни ҳол ширкати "Тоҷик Эйр" ду бор дар як ҳафта бо як ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе-Жуковский-Душанбе парвоз мекунад.

Барчаспҳо:
Тоҷик Эйр, шарҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ