16:14 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон оиди таъмир, азнавсозии роҳҳо ва кӯпрукҳои ВМКБ ба Вазорати нақлиёти супоришҳои мушаххас дода буд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар ин росто, вазири нақлиёти Тоҷикистон муҳтарам Худоёрзода хабар додааст, ки Вазорат бо иниститутҳои лоиҳакашӣ оиди сохтмони кӯпруки мошингузари маҳаллаи "Селхозтехника" - и шаҳри Хоруғ шартномаро имзо намуд.

Бино ба гузориши мақомоти ВМКБ, маблағи он дар натиҷаи гуфтушунидҳои зиёд аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо гардидааст.

Таъкид мешавад, ки бо дастури раисиҷумҳур ҳамчунин, корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони долони зиддӣ тармавӣ дар қитъаи роҳи дар натиҷаи селфуроӣ харобгаштаи деҳаи Барсем низ оғоз гардидаанд.

Ба замми ин таъмири роҳи Хоруғ – Мурғоб низ дар солҳои наздик оғоз хоҳад гардид.

Мақомот ёдоварӣ карда, ки айни ҳол сохтмони роҳи Кулоб - Шамсиддин Шоҳин ва Ёгед – Қалъаи Хумб бомаром идома дорад ва дар моҳҳои наздик сохтмони роҳи Қалъаи- Хумб – дарвозаи Рушон оғоз хоҳад ёфт.

Дар баробари ин фазаи якуми сохтмони 9 кӯпруки мошингузар дар вилоят оғоз гардид ва дар фазаи дуюм сохтмони боз 9 купрук дар солҳои 2021- 2022 дар нақша аст.

Ба замми маблағгузор, дар ин корҳои давлатӣ ва институтҳои молиявӣ, инчунин шарикони рушд низ хеле фаъол мебошанд.

Масалан тавассути Фонди Оқохон барои таъмири роҳи Бартанги ноҳияи Рӯшон 600 000 долари ИМА ҷудо карда шудааст.

Барчаспҳо:
купруксозӣ, купруки вайроншуда, роҳ, таъмир, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ