14:17 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
17010

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар лоиҳаи нави Кодекси нақлиёт ҳамҷунин талабот нисбаба ҳамлу нақли нафарони имконияташон маҳдуд, сохтмони таваҷҷуфгоҳҳо ва риояи одоб ҳангоми ҳамлу нақл аз ҷониби ронанда ва мусофир дарҷ гаштааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, лоиҳаи нави Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард.

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон баъди ҷаласаи парумони ба хабарнигорон гуфт, ширкатҳои мусофиркашоние ки ба камбудиҳо роҳ медиҳанд тибқи ин лоиҳа иҷозатнмаашон бозхонд мешавад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳошияи қабули лоиҳа гуфт, мақсади асосии таҳияи лоиҳаи Кодекс мутобиқгардонии қонунгузории миллии соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба талаботи Конвенсия, созишномаҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин таъмини рушди устувори соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ мебошад.

Номбурда гуфт, солҳои охир хизматрасонӣ тариқи нақлиёти сабукрави таксӣ дар кишвар рушд карда ба ин восита ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд ва ҳоло дар пойтахт 11 ширкати таксӣ дар сатҳи муосир ба шаҳрвандон хизмат кардаистодааст, аз ин ру дар лоиҳаи кодек масъалаи танзим ва идоракунии давлатӣ хизматрасонӣ бо нақлиётӣ таксӣ низ пешбинӣ шудааст

Ба гуфти вазири нақлиёт, бо зиёд гаштани воситаҳои худрав дар кишвар аз ҷумла нақлиёти истифодаи умум таъмини бехатарӣ дар воситаҳои ҳамлу нақл масъалаи аввалиндараҷа буда, аз ин рӯ дар лоиҳа талабот дар таъмини бехатарии ҳамлу нақл муаян гаштааст.

Лоиҳаи нави Кодекси нақлиёти автомобилӣ аз 9 қисм, 5 зерқисм, 4 боб ва 122 модда иборат буда, дар доираи он самтҳо оид ба танзими фаъолияти нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  карда мешаванд.

Барчаспҳо:
нақлиётӣ, Худоёр Худоёров, Вазорати нақлиёт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ