07:04 14 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.21
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
389120

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нияти кам кардани ҷаримаҳо барои қонуншиканӣ дар роҳҳои кишварро надоранд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Раҳимзода дар посух ба иддао, ки дар шароити Тоҷикистон на ҳама тавони пардохти ҷаримаҳоро доранд, гуфт, инро бояд ронандаҳо пеш аз қонуншиканӣ фикр кунанд.

Ба гуфтаи вазир, низоми маблағситонӣ барои нақзи қоидаҳо дар Тоҷикистон бо назардошти шарту шароитҳои имрӯза роҳандозӣ шудааст.

"Барои он, ки ҷаримаро камтар супорад, қонуну қоидаҳоро вайрон накунад. Ронанда пеш аз вайрон кардани қоида фикр кунад, ки оё маблағи ҷаримаро метавонад, супорад ё не. Ин вазифаи мо нест", - изҳор дошт Раҳимзода.

Вазир зикр намуд, бисёри қонуншиканиҳо аз ҷониби ронандаи мошинҳои гаронарзиш содир мешаванд ва модоме ӯ чунин мошин харидаасту қоидаҳоро вайрон мекунад, ба он маъност, ки тавони пардохти ҷаримаро дорад.

Ӯ афзуд, ҳолате, ки гӯиё дар шаҳри Ҳисор ронандае барои нафаромадан аз мошину наомадан пеши нозири роҳ ҷаримабандӣ шудааст, тасдиқи худро наёфт

Раҳимзода гуфт, супориш дод ва маълум шуд, ки барои нафаромадан аз мошин аз тарафи нозири роҳ санаде таҳия нашудаасту чунин қонун ҳам вуҷуд надорад.

Барчаспҳо:
ронанда, ҷарима, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ