Яке шуд? Шикояти мусофири латхӯрда аз шитобкории ронандаи троллейбус-акс

© © Sputnik / Амир ИсаевАвтобусная остановка в Душанбе, архивное фото
Автобусная остановка в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мижгона Ҳалимова, мусофири нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе, мегӯяд, имрӯз бар асари шитобкории ронандаи троллейбус афтиду ҷароҳат бардошт. “Яке шуд”, гуфтаст ронанда, аммо Ҳалимова мегӯяд, латхӯрии мусофирон дар истгоҳи дигар ҳам такрор шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ҳалимова, рӯзноманигори тоҷик, изҳор дошт, ки имрӯз ронандаи троллейбуси рақами 10 дар Душанбе ҳангоме ки мусофирон дар ҳоли саворшавӣ буданд, мошинро ба кор даровард.

Фельдшер станции скорой медицинской помощи  - Sputnik Тоҷикистон
Бархӯрди автобуси муҳоҷирони тоҷик бо мошини боркаш дар Тюмен: ду нафар ҷон бохтанд

"Тақрибан соати 12:20 дар истгоҳи рубарӯйи меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ хостам ба троллейбуси рақами 10 савор шавам. Ронанда чунон саросема буд, ки нигоҳ намекард, кӣ савор мешавад ва кӣ мефарояд? Як поям дар дохили тролейбус буд, ки ронанда мошинро ба кор даровард. Аз дохили он ба замин афтидам. Ронанда ҳатто наистод, дигар чанд нафар, ки дар дохил ва берун буданд, дод заданд, ки ист-ист", - нақл кард Ҳалимова.

Ба иттилои манбаъ, баъди додувойи мусофирон ронанда мошинро нигоҳ дошт ва бидуни узрхоҳӣ танҳо гуфтааст, ки “хай яке шидай”. Ҳалимова афзуд, миёну як тарафи гарданаш лат хӯрда буд ва бо кумаки мусофирони дигар савори троллейбус шуд.

Ронанда "яке шуд" гуфту боз такрор кард

Ӯ илова намуд, ки ҳолати осеби мусофир дар троллейбуси мазкур чанд истгоҳ баъд, дар назди пайкараи Исмоили Сомонӣ боз такрор шуд.

"Дар истгоҳи назди пайкараи Исмоили Сомонӣ маҳз дар ҳамин троллейбус як зан дар дасташ кӯдак ҳанӯз нафаромада буд, ки ронанда дарро маҳкам кард ва дар мусофирро зер намуд", - нақл кард Ҳалимова ва илова намуд, ки мусофири осебдида ронандаро зери борони дашному ҳақорат қарор дод.

Ҷабрдида аз масъулини умури нақлиёт хост, ки алайҳи шитобкории ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ чора андешанд, то аз осеби минбаъдаи мусофирон ҷилавгирӣ шавад.

Феълан назари худи ронанда ва мақомоти умури нақлиёт  дар бораи ин қазия маълум нест. Ҳалимова муътақид аст, ки ҳатман ҳолатҳои афтидани ӯ ва дармондани зану кӯдак дар наворҳои дастгоҳҳои назоратӣ сабт шудаанд ва нашрашон мувофиқи мақсад мебуд.

Лентаи хабарҳо
0