Чароғаки роҳнамои солҳо хомӯш баъди шикоятҳо фаъол шуд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкДорожный знак пешеходный переход, архивное фото
Дорожный знак пешеходный переход, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чароғаки роҳнамои солҳо хомӯш дар роҳи ҷумҳуриявии пайвасткунандаи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ниҳоят баъди шикояти сокинону гузориши расонаҳо фаъол гардид

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Дафтари матбуоти ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки чароғи хомӯш дар қаламрави он ҷойгир буд, бо нашри аксҳо хабар дод, ки 28 феврал чароғаки роҳнамо таъмир ва фаъол шуд.

Светофор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чароғаки мурдаро кӣ равшан мекунад?: муроҷиати сокинони Ғафуров ба масъулин

Чароғаки мазкур, ки қариб 5 соли охир кор намекард, ахиран аз мавзӯъҳои баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нишасти матбуотии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва гузориши расонаҳо шуда буд.

Шарифҷон Қобилов, сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аз шумори ронандаҳо изҳор дошт, ки дар сероҳае, ки чароғаки роҳнамои хомӯш ҷойгир аст, садамаҳо зиёд рух медоданд.

“Мутаассифона қариб рӯзе нест, ки дар ин роҳ, ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ рух надиҳанд. Дирӯз як садама рух дод, рӯзи гузашта ҳам садамаро дида будем, аммо ҳеч касе аз масъулин ба ин чароғаки хомӯш аҳамият намедиҳад", - изҳор дошта буд Қобилов дар суҳбат бо расонаҳо.

Рӯзноманигорон дар нишасти ахири матбуотӣ масъалаи чароғаки мазкурро бо Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар миён гузоштанд ва Назирӣ гуфт, барои таъмири ин чароғак 7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷа ноҳия ҷудо кардааст. Котиботи ҷамоати Ёва хабар дод, ки тибқи ваъда чароғакро 28 феврал фаъол карданд.

Лентаи хабарҳо
0