22:39 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
159 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 28 солаи шаҳри Бӯстон хабар медиҳад, ки се нақлиёти сабукрави истиқоматкунандаи ноҳияи Айниро гирифта маблағашро бар нагардонидааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохила мегӯяд, боздоштшуда ба бовари сокини ноҳияи Айнӣ даромада нақлиётҳои сабукрави тамғаи “Daewoo Nexia”,”Volswagen Sharan”,”Chevrolet Niva”-и ӯро гирифта то ҳол маблағашро надодааст.

“Номбурда, санаи 10-уми августи соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи "Daewoo Nexia", арзишаш 10 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи "Volswagen Sharan", арзишаш 16 ҳазор сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи "Chevrolet Niva", ки  арзишаш 24 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад ин сокини шаҳри Бӯстон дар пайи як амалиёти кормандони пулис бо ҷурми қаллобӣ боздошт гаштааст.

ВУД мегӯяд, оид ба ҳодисаи маскур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
қаллобӣ, нақлиёт, Айнӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ