03:58 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
1246 0 0

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъйид кард, ки қабули парвозҳои байналмилалӣ дар пойтахт мутаваққиф мешавад. Гуфта мешавад, ин маҳдудият дар ҳамаи фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ки ба қабули парвозҳои байналмилалӣ машғуланд, роҳандозӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тасдиқ кард, ки аз соати 00-и 20 март парвозҳои байналмилалӣ дар пойтахт мутаваққиф мешаванд.

Ӯ таъкид намуд, ки фурудгоҳ пурра баста намешавад, чун иншооти стратегӣ мебошад ва танҳо парвозҳои байналмилалӣ баста хоҳанд шуд. Феълан маълум нест, ки ин ҳолат то кай идома хоҳад дошт. Далели қатъи парвозҳо таъмини бехатарӣ аз коронавирус гуфта шуд.

Инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии дохилу хориҷи  Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки огоҳиномаи мақомоти тоҷикро дар бораи қатъи парвозҳои байналмилалӣ дар фурудгоҳҳо дастрас намудаанд.

Қаблан Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз маҳдудиятҳои вуруд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Русия то 1 майи соли 2020 хабар дода, таъкид намуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ҷонибҳо як қисми парвозҳои худро муваққатан қатъ намудаанд.

“Дар робита ба ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд чиптаҳои ҳавопаймоии худро, ки қаблан дастрас намудаанд, ба муҳлати дертар аз 1 майи соли 2020 иваз намоянд, ё ин ки метавонанд аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, ки чиптаҳои ҳавопаймоиро дастрас намудаанд, маблағи пардохтнамудаи худро бозпас гиранд”, - таъкид карда буд Агентӣ.

Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон афзудаанд, ки дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё мушкилот шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 222-22-36, 222-22-39, 222-22-35, 222-22-43 бо мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ дар тамос шаванд.

Барчаспҳо:
байналмилалӣ, фурудгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ