21:16 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
103510

"IRS" баъзе аз қитъаҳои вайроншудаи роҳи Душанбе-Чаноқро аз таъмири кулл мегузаронад ва дар роҳҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Баробари гарм шудани ҳарорати ҳаво ва аз 25 дараҷа баланд гардидани он дар роҳи Душанбе - Чаноқ маҳдудиятҳо ҷорӣ мешавад.

Аз 1 май то 31 августи соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз соати 10:00 то 20:00 маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешавад.

Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ "Ховар" сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далери Абдулло хабар додааст.

IRS: агар зарурат пайдо шавад, боз роҳро мебандем

Гуфта мешавад, ки икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.

“IRS”: бехатарии ронанда муҳимтар аст, дар сурати зарурӣ роҳи Душанбе-Чаноқ баста мешавад

Ҳамзамон дар ин муддат таъмири куллӣ ва ҷории роҳ амалӣ мешавад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, маҳдудият, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, Innovative Road Solutions LTD (IRS), "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS)

Мавзӯъҳои асосӣ