18:08 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (421)
97410

Аз шаҳри Машҳад ба пойтахти Тоҷикистон нахустин ҳавопаймо бо 60 мусофир ва кумаки башардӯстона парвоз кард

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Пас аз қатъи муваққатии парвозҳо Тоҷикистон ва Эрон алоқаи ҳавоиро барқарор карданд, хабар медиҳад оҷонсии IRNA.

Чуноне намояндаи фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Машҳад Ҳасан Ҷафарӣ мегӯяд, пас аз қатъи муваққатии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон парвози нахустин аз Эрон ба Тоҷикистон рӯзи 13 май бо 60 мусофир анҷом дода шуд.

Дар баробари ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона бурд.

Фаврӣ: ҳавопаймо аз Машҳади Эрон бо таҷҳизоти пизишкӣ ба самти Душанбе парвоз хоҳад кард

Ёдрас мешавем, ки 24 феврали соли равон кишварҳо дар паи ҳамагирии коронавирус то ба эътидол омадани вазъият, алоқаи ҳавоиро мутаваққиф гузоштанд.

То ин дам аз Эрон ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines парвоз мекард. Ҳавопаймо як бор дар як ҳафта тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон парвоз анҷом медод.

Дар навбати худ аз пойтахти Тоҷикистон ба Эрон ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" парвоз мекарданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (421)
Барчаспҳо:
аз сари нав, парвоз, Тоҷикистон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ