18:53 01 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
468 0 0

Марзи байни Эрон, Туркманистон ва Узбакистон, ки ба хотири густариши корона баста шудааст, аввали июн бозгушоӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ғуломаббос Арбобхолис, сафири Эрон дар Туркманистон рӯзи шанбе гуфт, ройзанӣ ва машваратҳои дипломатию сиёсӣ ба таври рӯзона барои бозгушоии марзҳо бо ҳадафи аз саргирии содирот, транзит ва табодули коло бо Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақа идома дорад.

Нақли қавли сафири Эрон дар Туркманистонро хабаргузории "Парстудей" бо такя ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ироа кардааст.

"Дар чорчуби ин музокирот рӯзи гузашта нишасти сеҷонибаи раисони роҳи оҳани давлатии се кишвари ёдшуда ба сурати видеоконфронс баргузор ва муқаррар шуд, роҳҳои оҳани ин кишварҳо то аввали июн бо насби нақбҳои безараргардонидашуда дар ду тарафи марзҳо ва бо риояти стандартҳои мушобеҳ ва ҳамсон бо якдигар, бозгушоӣ шавад",-изҳор доштааст Арбобхолис.

Вилояти Хуросони разавии Эрон аз шимолу шимоли шарқ дорои ҳудуди 531 километр марзи муштарак бо Ҷумҳурии Туркманистон аст ва тиҷорати ҷоддаӣ ва райлии Эрон бо Осиёи Марказӣ аз тариқи гузаргоҳҳои марзии ин вилоят бо Туркманистон анҷом мешавад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)

Мавзӯъҳои асосӣ