21:31 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
274 0 0

Парвози махсуси ширкати русии "Уралские авиалинии" дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Тоҷикистон роҳандозӣ шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар давоми ду рӯзи охир аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 50 кас, ки дар паи банд шудани марзҳо дар кишвар дар монданд, ба ватан бозгардонида шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Парвозҳои махсус аз ҷониби ширкати русии "Уралские авиалинии" дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

"Рӯзҳои 29-30 май аз Русия ба Тоҷикистон 49 шаҳрванд, ки дар паи баста шудани марзҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия дармонда буданд, ба ватан бозгардонида шуданд", - қайд карданд дар ВУХ.

Бозгашти шаҳрвандон идома дорад: 188 шаҳрванди Тоҷикистон аз Дубай баргардонида шуд

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин ҷасади 13 шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ тариқи ин хатсайр ба ватан бурда шуд.

"Груз 200": Парвози махсус ҷасади муҳоҷирини фавтидаро ду рӯз пас ба ватан мебарад

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
Барчаспҳо:
ширкати ҳавоӣ, парвоз, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ