15:32 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
1847 0 0

Қаблан дар вебсайти ширкати ҳавопаймоӣ хабар аз ба фурӯш баровардани чиптаҳо самти Маскав - Душанбе пайдо шуд, гарчанде расман парвозҳо миёни ин ду кишвар баста аст

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Дар робита ба пайдо шудани хабари фурӯши чиптаҳо самти Маскав Душанбе, Sputnik Тоҷикистон аз шаркати ҳавонавардии "Уралский авиалиния" иллати паҳн гардидани хабари носаҳеҳро пурсид. 

Интиқоли як тобут ва 22 тоҷики депортшуда аз Русия ба Тоҷикистон

Ба изҳори хадамоти матбуотии ширкати мазкур, онҳо ба монанди дигар ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, то лаҳзаи лағви маҳдудиятҳои парвоз, интиқоли мунтазами мусофиронро самти Маскав - Душанбе мутаваққиф карданд.

"Парвозҳо ба Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир номумкин аст. Мӯҳлати бекоркунӣ то нимаи моҳи июл тамдид карда шудааст. Аммо мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз миёнаи моҳи июл бо интизории бекор кардани парвозҳои байналмилалӣ харидорӣ кунанд", - гуфтанд дар ширкат.

Зимнан, котиботи ширкати мазкур ба суоли он ки агар мусофирон чипта харидорӣ кунанд, вале маҳдудиятҳо боз тамдид ёбанд, чунин посух доданд.

Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қувайт ба Душанбе бо парвози махсус

"Дар сурати тамдид шудани парвозҳо чиптаи мусофирон ба мӯҳлатҳои дертар интиқол дода мешаванд".

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баста шуд.

То ҳол аз Федератсияи Русия танҳо интиқоли шаҳрвандоне, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатии он кишвар қарор дошта буданд, ба ватан интиқол ёфтанд.

Ҳамчунин беш аз 50 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан оварда шудааст.

Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, чипта, фурӯш

Мавзӯъҳои асосӣ