Таъиноти кадрӣ бо сабаби фавт: Раҳимзода, сардори БДА-и Зафаробод шуд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкИнспектор ГИБДД, архивное фото
Инспектор ГИБДД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳимзода Қурбон Юсуф, сардори шуъбаи Бозрасии давлатии Афтомобилии ноҳияи Зафаробод таъйин шудааст. Дар ин мақоми вазифавӣ, ӯ ба ҷойи марҳум Абдуғанӣ Ҷурақулов корро шурӯъ намудааст

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон, аз мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, хабари сардори БДА и ноҳияи Зафаробод таъин шудани Раҳимзода Қурбон Юсуфро тасдиқ карданд.

Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти сардори БДА дар ноҳияи Зафаробод

“Дар бораи таъини сардори БДА и ноҳияи Зафаробод, фармони вазири корҳои дохилӣ содир шудааст, Раҳимзода Қурбон Юсуф, ҳоло корро дар ин вазифаи нав шурӯъ намудааст”, гуфтанд манобеъ.

Таъини Раҳимзода, ба мақоми сардори БДА дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 17-уми май, майор Абдуғанӣ Ҷурақулов, сардори БДА (ГАИ) и ноҳия ба иллати хуруҷи бемории “ илтиҳоби шуш” дар бемористон аз олам даргузашт.

Абдуғанӣ Ҷурақулов, ҳамагӣ 55 сола буд ва беш аз бист сол ин ҷониб дар сохтори БДА дар ноҳияҳои Айнӣ ва Зафарободи Суғд кор кардааст.

Родители просят не закрывать единственную русскую школу в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Ҳоҷӣ Зариф, ки худро дар Кӯлоб оташ зад

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, Раҳимзода Қурбон Юсуф, майори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буда, то ин замон дар шуъбаи БДА-и шаҳри Панҷакент фаъолият намудааст.

Ҳолатҳои даргузашти ашхоси мақомдор дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои ҳукуматӣ сабаби сурат гирифтани таъиноти кадрӣ мегардад.

Ахиран, 23-уми май бар асоси фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо бинобар вафоташ аз вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод озод карда шуда, ба ин мақом Фақерзода Қадриддин Аббос таъйин гардид.

Марҳум, Маҳмадшоҳзода Ҳамидулло Ғайратшоҳ, ҳамагӣ 50 сол дошт ва ба гуфтаи табибон аз хуруҷи бемории роҳи нафас ҷон ба ҷонофарин супурд.

Лентаи хабарҳо
0