“Лада-Приора” бо “Опел-Астра”: Боздошти ду ҷавон барои ташкили пойгаи шабона дар Душанбе

© Сомонаи РВКД ДушанбеЗадержание молодежи за ночные гонки в Душанбе
Задержание молодежи за ночные гонки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони пулиси пойтахт ду ҷавонро барои ташкили пойгаи шабона дар кӯчаҳои Душанбе боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт, дар асоси навори ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе воридгардида маълум гардид, ки шабона ду нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрави тамғаи “Лада-Приора” ва “Опел-Астра”, пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намудаанд.

Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: ҳалокати мусофир дар натиҷаи чаппа шудани “УАЗ-452”

Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ,  Зиёбой Рустамови 20 сола сокини пойтахт ронандаи “Лада-Приора” ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ронандаи “Опел-Астра” , аломати қайди давлатиаш 3635 ВХ 01 шаҳрванд, соли таваллудаш 2000, Шаҳром Абдураҳмонови 24 сола боздошт гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, дар шоҳроҳи кӯчаи Айнии пойтахт пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо садои гӯшхарошу суръати баланд оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон ҳарду автомашина дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, нисбати ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад, афзудааст манбаъ.


  ВУД мегӯядТибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ронандагонро ҷарима ба маблағи аз 13 ҳазору 750 сомонӣ то 16 ҳазору 500 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0