14:38 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
43811

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, гузаргоҳи марзии Қулма кушода буда, ҳамлу нақли бор дар он аз дигар гузаргоҳҳо фарқкунанда мебошад

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамлу нақли бор дар гузаргоҳи Қулма тариқи контейнерӣ сурат мегирад. Бор дар контейнерҳо то гузаргоҳ оварда мешаванд ва аз он ҷо аз мошинҳои хитоӣ ба мошинҳои Тоҷикистон бор карда мешавад. 

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, изҳор дошт чунин шеваи интиқоли бор дар шароити куҳсор мушкилоти худро дорад. Ӯ изҳор дошт, ки хостори тағйири шеваи интиқоли бор ба ядакӣ мебошанд, ки ядакҳо то гузаргоҳҳо оварда шаванду бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бор ба Тоҷикистон ворид карда шавад. Ядаку нимядаке, ки аз Чин меояд, мо онро безарар гардонему вориди Тоҷикистон кунем, тавзеҳ дод вазир.

Ба гуфтаи Худоёрзода, бартарии дигари ин шеваи интиқол дар он аст, ки ҷониби Тоҷикистон зиёда аз 1500 ядак дорад, аммо контейнер камтар аст.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон зикр намуд, ки дар гузаргоҳҳои дигар ҳамлу нақли бор бо пешниҳоди санади саломатии ронанда ва риояи қоидаҳои беҳдошт роҳандозӣ шуда, воридоту содироти бор дар кишвар таъмин мебошад.

Барчаспҳо:
интиқол, бор, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ