01:41 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
413 0 0

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳавопаймои "Сомон Эйр" барои овардани шаҳрвандони кишвар ба Франкфурт мепарад

ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Вазорати умури хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими кишварҳои Аврупо ва Амрико мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар парвози махсус дар масири Франкфурт - Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои котиботи ВУХ, парвози мазкур рӯзи 28 - уми июл сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, ин парвоз тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дастури Раҳмонзода барои таъмири фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

"Хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Аврупо ва Амрико муроҷиат намоянд", - таъкид гардидааст дар хабар.

Қаблан, хабар дода шуд, ки Тоҷикистон парвозҳои байналмилалиро бо Амороти Муттаҳидаи Араб дубора оғоз мекунад.

Нахустин парвоз дар ин масир рӯзи 21 - уми июл сурат гирифта буд.

Барчаспҳо:
интиқол, Аврупо, Амрико, Тоҷикистон, шаҳрвандон, Сомон Эйр

Мавзӯъҳои асосӣ