Душанбе: хатсайри троллейбусии №12 барқарор шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВ салоне троллейбуса, архивное фото
В салоне троллейбуса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз  10 апрели соли 2019 инҷониб  бинобар анҷоми корҳои таъмирӣ, ҳаракати троллейбусҳо дар хатсайри №12 муваққатан қатъ гардида буд

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Аз имрӯз, 26 август баъд аз ба истифода додани роҳи сесатҳа (эстакада) дар буриши ҳалқаи хиёбони Исмоили Сомонӣ бо хиёбони Абуалӣ ибни Сино хатсайри троллейбусии №12 (Маркази савдои “Тоҷикистон (ЦУМ)-маҳаллаи Гулбутта) ба фаъолият оғоз менамояд.

Эстакадаи нав дар Душанбе ифтитоҳ ёфт: Раҳмон лентаашро бурид - аксҳо

Дар ин бора АМИТ ""аХоварз бо такя ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҳаракати троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои И. Сомонӣ, А. Сино, С. Шерозӣ ва Н. Қарабоеви шаҳр  ба роҳ монда мешавад.Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии троллейбусҳо истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ роҳандозӣ мешавад",- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 апрели соли 2019 то инҷониб  бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмирию навсозӣ дар хиёбони С. Шерозии шаҳри Душанбе  ва сохтмони роҳҳи сесатҳа дар  дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А.Сино фаъолияти   троллейбусҳо дар хатсайри №12 муваққатан қатъ гардида буданд.

Новая эстакада в 82-м микрорайоне в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони дуввумин эстакада дар Душанбе анҷом ёфт

Рӯзи 10 июл, дар ноҳияи Синои пойтахт эстакадаи навро ифтитоҳ карданд. Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 оғоз гардида буд.

Ин чорроҳа аз 3 сатҳ, роҳи давродаврӣ иборат мебошад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 123 метр ва паҳноии 25 метр мегузарад.

Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0