Дар шоҳроҳи Конибодом - Хуҷанд тарозу сохта мешавад. Масъулин ҳадафи онро шарҳ доданд

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Канибадам, архивное фото
Город Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шоҳроҳи Конибодом – Хуҷанд, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Маданияти Конибодом сохтмони тарозу ҷараён дорад. Масъулин гуфтанд, ки ин тарозу бо кадом мақсад бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Олим Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва комуникатисияи ҳукумати Суғд, сохтмони тарозуи назоратӣ дар роҳи миёни Конибодом - Хуҷанд тайид карда, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳадафи бунёди онро шарҳ дод.

"Ин тарозу, барои назорати мошинҳои боркаш сохта мешавад, ки минбаъд ҳангоми убури роҳ меъёри боринтиқолдиҳӣ риоя шавад. Аз меъёр барзиёд интиқолдиҳии бор, боиси зуд фарсудашавии роҳҳо мегардад. Тарозуи назоратӣ бо мақсади нигоҳдории ҳолати роҳ сохта мешавад", - иттилоъ дод Очилзода.

Ба иттилоъи манбаъ, ин тарозу дар оянда ҳаҷми бори дохили мошинҳоро месанҷад ва дар сурати ошкор намудани бори аз меъёр зиёд, воситаҳои нақлиёт боздошт шуда бори дохили онҳо поён карда мешавад.

Ҳукумати кишвар, меъёри интиқоли бор тавассути нақлиётро муқарар намудааст, ки он вобаста ба баллони мошинҳо муқаррар карда мешавад.

Барои ҳар як баллони мошини боркаш, тибқи меъёри қабулшуда ғунҷоиши то 8 тон бор иҷозат аст. Дар сурати ошкор шудани боринтиқолдиҳии аз меъёр зиёд тибқи қарори ҳукумат тадбиқи то 4 ҳазору 60 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Платный участок дороги дехмой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тарозу баҳона: гӯши таксиронҳои беинсофро кӣ мекашад?

Лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди Исфара - Конибодом - Хуҷанд - Ҷаббор Расулов дар соли 2016 оғоз шуда буд. Ин бунёди ин тарҳ Бонки ҷаҳонӣ дар умум 45 милион доллар ҷудо намуда буд, ки ин маблағ 38 миллиону 250 ҳазор доллар қарз ва 6 миллиону 70 ҳазори дигар ба унвони грант ё қарзи бебозгашт гуфта мешуд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати чинии "Чайна рейлвей групп корпорейшн" аст.

Роҳи таҷдидшавандаи Исфара - Конибодом - Хуҷанд - Ҷаббор Расулов аз шаш қитъа иборат буда, дарозии умумии он 68 километр ва паҳноияш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метр мерасад.

Муҳлати анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии ин роҳ то поёни аввали соли 2019 муайян шуда буд, вале дар пайи мухолифати ҷониби қирғизҳо, баъзе аз қитъаҳои ин роҳ, ки аз ҳудуди деҳоти Қирғизистон убур мешавад, то ҳол таҷдид ношуда боқӣ мондааст.

Лентаи хабарҳо
0