16:06 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
57710

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон ронандаҳои сокини пойтахтро ба кор дар хатсайрҳои нақлиёти мусофирбар даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Шаҳрдорӣ таъкид кардааст, ки ронандагон барои кор ба корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”, “Автобус-2”, “Автобус-3” ва “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд. 

Ба иттилои манбаъ, шахсони довталаб бояд дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “Д” ва собиқаи кории на камтар аз се сол дар автобусу троллейбусҳо бошад.

Шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки ронандагон бояд истиқоматкунандаҳои шаҳри Душанбе бошанд.

"Хоҳишмандон метавонанд, барои маълумот ба шуъбаҳои кадри Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”, “Автобус-2”, “Автобус-3” ва “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд", - омадааст дар иттилоия.

Шаҳрдории Душанбе илова намудааст, ки довталабони кор барои маълумоти иловагӣ метавонанд, тариқи рақамҳои 988-70-44-00, 93-980-03-08 ва 918-63-14-93 дар тамос шаванд.

Барчаспҳо:
кор, даъват, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ