05:23 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (813)
56101

Дар робита бо бад шудани вазъияти ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, Қазоқистон масъалаи кам кардани парвозҳо бо чор кишварро баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Қазоқистон нақша дорад парвозҳо бо Украина, АМА, Олмон ва Белорусро дар робита ба бад шудани вазъияти ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, коҳиш диҳад, хабар медиҳад, сарпизишки кишвар Ирлан Киясов.

"Бо дарназардошти вазъи номусоиди ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар сарҳад ва пешгирии паҳншавии сироят, ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар Қазоқистон, масъалаи тақвияти чораҳо дар марз, аз ҷумла коҳиш додани парвозҳо бо Украина, Аморати Муттаҳидаи Араб, Олмон ва Белорусро дар миён гузошт ", - гуфт Киясов.

Дар Қазоқистон дар давоми шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии маризон ба 108 984, нафар баробар шуд.

Рӯ ба коҳиш ниҳод: омори тозаи сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Теъдоди фавтидагон дар ин кишвар ба  1776 расид.

Дубора мубталои коронавирус шуд ва фавтид: ин ҳолат то ҳол ягона дар ҷаҳон аст

Бино бар омори охир, аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Қазоқистон беш аз 104 ҳазор кас ин вабои асрро ба хубӣ пушти сар кардааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (813)
Барчаспҳо:
қатъи парвозҳо, парвозҳо, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ