04:30 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
186210

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия “ЮТэйр” ва “Уралские авиалинии” барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ва баръакс омодагии худро баён карданд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар бораи парвозҳои нави чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон тасмим гирифтанд, иттилоъ додааст манбаъ аз сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Маълум шудааст, ки дар ҳоли ҳозир дархости ширкати “ЮТэйр” барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе – Маскав ва Хуҷанд - Сургут  ҳафтае як бор аз ҳарду ҷониб барои баррасӣ ба мақомоти Тоҷикистон равон карда шудааст .

Инчунин, ширкати “Уралские авиалинии” тасмим дорад барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар хатсайрҳои дигар низ ба мақомоти Тоҷикистон дархост равон намояд.

Фурӯши чиптаҳо ба ин парвозҳо ва далели ворид шудани ба Русияро худи ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян хоҳанд кард.

Гуфта шудааст, ки баъд аз муайян шудани ин парвозҳо натанҳо шаҳрвандони Русия балки нафароне, ки далели ворид шудан ба Русияро доранд низ метавонанд парвоз кунанд.

Дар ҳамин ҳол, сафорат таъкид кардааст, ки тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амниятии Русия шахсони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки иҷозати иқомат дар Русия доранд наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.

Ҳамин тавр, нафароне, ки  иҷозати иқомат дар Русия доштанд ва дар замони маҳдудиятҳо ба сабаби паҳншавии вируси корона Русияро тарк карданд, имкон дорад ба ба Русия дигарбора ворид шуда натавонанд.

Нафароне, ки ҳаққи ворид шудан ба Русияро надоштанд, наметавонанд дубора ба ин кишвар ворид шавад.

Теъдоди парвозҳо, хатсайрҳо ва таърихи рӯзи парвозҳо дар рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
ширкат, ҳавопаймо, парвоз, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ