03:08 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
169610

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, аз фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар самти сатҳу сифати хизматрасонӣ изҳори норозигӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, имрӯз зимни ҷаласа аз хизматрасонии ширкатҳо норозигӣ карда, афзудааст, ки аз ҷумла таъмини ғизои мусофирон ба талабот ҷавобгӯ намебошад.

Ӯ барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии авиатсияи гражданӣ ва боло бурдани нуфузи ширкатҳои ватании соҳаи авиатсияи гражданӣ дастур додааст, ки масъалаи мазкурро бо инобати таҷрибаи ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ омӯхта, ҷиҳати таҷдиди назар кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Дар идома Рустами Эмомалӣ аз адами рақобати солим гуфта, хостори бозбинии санадҳои меъёрии зиддиинҳисорӣ шудааст.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки миёни ширкатҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ рақобати солим ба назар намерасад ва яке аз омилҳои чунин ҳолат камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, кумитаҳои Маҷлиси миллӣ муваззаф шудаанд, ки қонунгузории кишварро дар самти инҳисорӣ, иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти зиддиинҳисорӣ ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати таъмини рақобати солим дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани масъулияти мақомоти ваколатдори давлатӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.

Барчаспҳо:
Ширкатҳои ҳавоӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ