05:01 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
714 0 0

Дар Душанбе автобусҳо ва троллейбусҳои нав рӯнамоӣ шуд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуда ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ мутобиқ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik.  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе ширкат карданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи "AKIA ULTRA LE8" истеҳсоли корхонаи муштараки "Акиа Авесто Автоматив Индастри"-и Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кутоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.

Корхонаи муштараки "Акиа Авесто Автоматив Индастри" аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — "Акиа Ориё" оғоз намудааст.

"Автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии "Евро 5" истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати "Мерседес Бенс" ва ширкати олмонии "Zahnrad Fabrik" мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётии васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори урупоӣ ва туркӣ ворид карда мешавад.

Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва нардбон барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонад.

Эмомали Рахмону презентовали новые городские автобусы
Эмомали Рахмону презентовали новые городские автобусы

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Акиа Авесто Автоматив Индастри" ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи "Акиа"-ро истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.

Троллейбусҳо аз Белорус

Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат медароянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Белкоммунмаш" — и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.

Бино ба гузориш, ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.

"Дастакҳо ё худ шохаҳои ин навъи троллейбусҳо тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмачаи махсус боло ва поён карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Белорус дастрас карда мешавад ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи AKIA ULTRA LE8 омодаи кор мегардад.

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ронандагону масъулони ҷамъиятҳои мусофирбарӣ, ҷиҳати дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастуру маслиҳатҳои судманд дод.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, рӯнамоӣ, Душанбе, троллейбусҳои нав, автобусҳо

Мавзӯъҳои асосӣ