13:51 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
265 0 0

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, аз 14 декабр дар пойтахт хатсайри троллейбуси №11, ки маҳаллаи 82 ва Боғи ба номи Садриддин Айниро мепайвандад, фаъол мешавад

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ҳаракат менамоянд.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз сокинон ва меҳмонони пойтахт  эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайри мазкур низ тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад", - хабар дод "Ховар" аз қавли шаҳрдорӣ.

Хабари фаъолшавии хатсайри нав дар ҳолест, ки имрӯз дар пойтахт муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав баргузор гардид.

Ба иттилои расмӣ, троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат медароянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Белкоммунмаш" - и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.

Бо муҳаррики "Мерседес Бенс": рӯнамоии автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе

Бино ба гузориш, ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.

Барчаспҳо:
хатсайр, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ