08:00 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
103103

Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳафтаи равон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ворид намуд, ки бар асоси он барои напардохтани роҳкиро, бо худ бурдани бағоҷу бор дар нақлиёт то 15 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Раҳмон Дилшод, узви Маҷлиси миллӣ тавзеҳ дод, ки тибқи тағйирот ба моддаи 295-и кодекс ҳангоми сафар дар поезд, ҳавопаймо, киштиҳои обӣ, таксиҳои сайрхат ва дар нақлиёти мусофиркаши коммуналии байнишаҳрӣ аз ҷониби мусофир пардохт накардани бағоҷ боиси татбиқи ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима мегардад.

"Зимнан, моддаи 295 замимаи 1 барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар татбиқи ҷаримаро ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян намудааст", - тавзеҳ дод узви Маҷлиси миллӣ.

Раҳмон Дилшод илова намуд, ки ҷазои маъмурӣ ба расмият дароварда шуда, ба шахс пардохтномаи намунаи муқарраргардида дода мешавад. Зикр шуд, ки ошкор кардани ин қоидвайронкуниҳо ба ваколати мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мансуб дониста шудааст.

Тағйири қонун: Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ дорад

Ҷорӣ намудани ҷаримабандӣ ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳолест, ки аз аввали соли оянда як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 60 сомонӣ баробар карда мешавад.

Барчаспҳо:
нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷамъиятӣ, нақлиёт, ҷарима, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ