01:41 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
1003 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо мақсади танзими ҳаракати мусофирбарҳои воридшавандаю шаҳрӣ ва кам намудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт қарори ҷадид қабул кардааст

ДУШАНБЕ 14 дек - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба қарори раиси пойтахт аз соли 2009 дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда тағйирот ворид карда, истгоҳи мусофирбарҳои берунишаҳриро дақиқ кардааст.

Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, мусофирбарҳои самти шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод, шаҳри Роғун, водии Рашт ва минтақаи Кулоби вилояти Хатлон тавассути дарвозаи шарқӣ бо ҷойгиршавиашон дар терминали мусофирбарии "Шарқ – Транс" муайян карда шавад.

Инчунин нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии  рақами 18, 39 ва хатсайрҳои автобусии рақамҳои 2, 4, 7 ва 43 терминали мазкур муқаррар карда шудааст.

Санаи амалишавии қарор 1 январи соли 2021 муайян гардидааст.

"Ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон тавассути дарвозаи ҷанубӣ бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали мусофирбарии ҶСП "Тоҷиквнештранс" муайян ва терминали мазкур нуқтаи охири хатсайрҳои дохилишаҳрии микроавтобусии  №3, 5А, 33, 42, 56, 81, 88 ва хатсайрҳои автобусии №1, 2 ва 43 муқаррар карда шаванд", - омадааст дар қарор.

Тағйири қонун: Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ дорад

Рустами Эмомалӣ назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи муовинаш дар умури  Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

Барчаспҳо:
қарор, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ