03:33 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
147 0 0

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, ният доранд дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон низ як пул бисозанд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, Азим Иброҳим зимни боздиди ахираш аз ноҳияи Рӯшон гуфт, айни ҳол дар вилоят лоиҳаи сохтмони 17 пули мошингард, - дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва Рӯшон  идома дошта, ният аст, ки чунин пул дар водии Бартанг низ  сохта шавад.

Манбаъ ҳадафи сафари вазирро ба Рӯшон шиносоӣ бо рафти кор дар  иншооти ҷашнӣ гуфт, ки ба  муносибати  30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар сохта мешаванд.

“Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд маълум гардид, ки бино дар асоси талаботи миллии сохтмонӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

Вазири нақлиёт дар ноҳияи Рӯшон ҳамчунин, ба аёдати қишрҳои осебпазири ҷомеа, шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд рафта, туҳфаҳо ва кумакпулӣ тақдим намудааст.

Азим Иброҳим инчунин дар деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшон бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид.

“Дар ин мавзеъ дар фасли тобистон бо баланд шудани сатҳи дарёи Панҷ мушкилоти кишоварзон зиёд мешавад. Дар ин иртибот вазири нақлиёт барои бартараф сохтани ин мушкилот бар роҳбарияти ноҳия тавсияҳои судманд дод”, - таъкид кард Вазорати нақлиёт.

Барчаспҳо:
пул, нақлиёт, вазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ